11.01.2022
: 612
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 18-ум мусобиқаи байналмилалӣ – “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Мински Белорус баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Барои ба даст овардани ҷом даҳ тими наврасон талош мекунанд. Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “В” тимҳои Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон ва Исроил ворид гардидаанд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал, дастаҳои ҷои дуюм барои медалҳои биринҷӣ вомехуранд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои 5, 7 ва 9-ум доир мешаванд.
Барои тими наврасони Тоҷикистон мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб меёбад, ки аз 1 то 9 октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон – “Ҷоми рушд-2022” дар Минск
Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, ТОҶИКИСТОН, Эрон.
Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон, Исроил