Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУЛОҚОТИ АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БО САФИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТИ АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БО САФИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТИ АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БО САФИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТИ АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БО САФИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТИ АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА БО САФИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН

14.12.2021

: 885

14 декабр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло мулоқот кард.

Аҳтам Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат дар ҳамаи самтҳо, ки бо шарофати роҳбарони кишварҳо амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Давлати Қатар дар чанд соли охир иқдомҳои бузургро дар соҳаи варзиш рӯи даст гирифт. Аз ҷумла соли оянда давлати Қатар мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва соли 2030 мизбони Бозиҳои Осиё хоҳад буд, ки як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.

Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло низ дар навбати худ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро тавсиф намуд, аз ҷумла робитаҳои кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудааст.

Дар идома Абдуллозода Аҳтам аз ҷаноби сафир хост, ки табрикоти самимонаи роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Шайх Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ ба муносибати дубора интихоб шуданашон ба вазифаи президенти Кумитаи олимпии Қатар расонанд.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон китоби роҳнамои Бозиҳои Осиё-2030 ва Абдуллозода Аҳтам ба ҷаноби сафир туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.