20.10.2021
: 729
19 октябр ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд. Аъзои Кумитаи иҷроия бозиҳои варзишии ояндаро муҳокима намуданд.
Аз ҷумла, директори генералии КМОТ Эркин Латипов дар бораи Бозиҳои олимпии Париж-2024 гузориш дод. Қайд гардид, ки 33-юм Бозиҳои Олимпиада аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш ворид гардидааст. Намуди варзиши брекданс бори аввал ба барномаи Олимпиада ворид карда шуда, намудҳои бейсбол ва каратэ, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ворид буданд, хориҷ карда шудаанд.
Таъкид шуд, ки барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарон бояд роҳхат ба даст оваранд. Марҳилаи интихобӣ ба бозиҳо моҳи июни соли 2022 оғоз гардида, то моҳи июни соли 2024 идома меёбад.
Як вижагии Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар он аст, ки ташкилкунандагон иштироки баробари мардону занонро (50%) пешбинӣ намудаанд. Ҳамчунин дар таҳияи барномаи бозиҳо ба варзишгарони ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Дар идома қайд гардид, ки бояд дар назди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи варзиш гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон стратегия ё барномаи мукаммали омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ таҳия гардад. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки ҳар як федератсияи варзишӣ нақшаҳои кории алоҳида дар робита ба Олимпиадаи Париж омода намоянд.
Доир ба 19-ум Бозиҳои Осиё бошад, мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМОТ Мавзуна Чориева маълумот дод. Қайд шуд, ки 19-ум Бозиҳои Осиё 10-25 сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин аз рӯи 40 намуди варзиш доир мегардад. КМОТ метавонад аз рӯи 28 намуди варзиш варзишгаронро сафарбар намояд.
Тавсия дода шуд, ки чун иштирок дар Бозиҳои Осиё интихобӣ нест, федератсияҳоро зарур аст, ки то моҳи майи соли 2022 мусобиқаҳои интихобӣ ё чемпионатҳои ҷумҳуриро барргузор ва беҳтарин варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои Осиё пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, Шӯрои олимпии Осиё тавсия додааст, ки кумитаҳои миллии олимпӣ дар ҳайатҳояшон баробарии гендериро ба инобат гиранд ва шумораи бештари бонувонро сафарбар намоянд.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунад ва варзишгарони мо то имрӯз 27 медал – 4 тилло, 6 нуқра, 17 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар ҷаласа, инчунин оид ба 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ гузориш пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки ин бозиҳо 10-20 марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 29 намуди варзиш ва ду намуди намоишӣ ворид гардидааст.
Дар ин бозиҳо низ варзишгарони мо ширкат карда, 56 медал – 4 тилло, 17 нуқра, 35 биринҷӣ – ба даст овардаанд.
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома аъзои Кумитаи иҷроия рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Париж-2024-ро муҳокима карданд. Котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо қайд кард, ки тибқи талаботи барнома шумораи мардҳо ва бонувон бояд баробар бошад. Ҳамин тариқ, дар асоси пешниҳоди федератсияҳо ва дастовардҳои варзишгарон дар солҳои охир 17 нафар интихоб ва барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод шуд. Дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Ҳамбастагии олимпӣ варзишгарон муддати 32 моҳ – аз январи соли 2022 то августи соли 2024 аз кӯмаки молиявӣ барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ баҳравар мешаванд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.