Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШИ САБУК: ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОМ 5 МЕДАЛ ГИРИФТАНД

01.10.2021

: 629

29-30 сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон дуюм Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук миёни наврасон ва ҷавонон баргузор шуд.

Дар чемпионат ҳудуди 1000 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон ширкат намуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ сазовори 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ шуданд.

Медали тиллоро Муҳаммадризо Мирзозода дар масофаи 400 метр бо монеаҳо миёни наврасон – варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 - ба даст овард. Дар ин синну сол, ҳамчунин дастаи писарон дар эстафетаи 4х100м сазовори медали нуқра ва дастаи духтарон дар эстафетаи 4х100м ва Меҳрубон Ҳоҷиқурбонзода дар даҳҳарба ду медали биринҷӣ гирифтанд. Як медали биринҷии дигарро Шамсиддин Авазов дар найзапартоӣ миёни ҷавонон – варзишгарони соли таваллудашон 2002-2003 - ба даст овард.