Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОИЗАҲОИ РАСУЛ БОҚИЕВ НАСИБИ КӢ ШУД?

ҶОИЗАҲОИ РАСУЛ БОҚИЕВ НАСИБИ КӢ ШУД? ҶОИЗАҲОИ РАСУЛ БОҚИЕВ НАСИБИ КӢ ШУД?

30.09.2021

: 698

28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба ҷудо барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев доир шуд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, аз рӯи 7 вазн миёни мардон сурат гирифт.

Ба иттилои сардовари мусобиқа Суҳроб Раҳимов, дар мусобиқа 92 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони аввалин мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

Вазни -60кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ, (Душанбе-2)
2. Акбар ХОҶАЕВ, (Хатлон-1)
3. Муҳаммадризо ҚУВВАТОВ, (Душанбе-1)
3. Сомон АЛАМОВ (Хатлон-1)

Вазни -66кг
1. Абубакр Боқиев (Хатлон-1)
2. Фаррух ҲАЛИМОВ (Душанбе-2)
3. Муслимбек КАРИМОВ (Хатлон-1)
3. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Хатлон-1)

Вазни -73кг
1. Наврӯз КАРИМЗОДА (Душанбе-2)
2. Алӣ БОҚИЕВ (Хатлон-1)
3. Бахтиёр БОЗОРОВ (Душанбе-1)
3. Муҳаммадиқбол ТОШОВ (Душанбе-1)

Вазни -81кг
1. Умар РАСУЛОВ (ШНТМ)
2. Сиёвуш АЗИЗОВ (Хатлон-1)
3. Ҳайдар САЙКАБИРЗОДА (Душанбе-2)
3. Муин ТАҒОЙЗОДА (ШНТМ)

Вазни -90кг
1. Раҷабалӣ МУҲАММАДИЕВ (Хатлон-1)
2. Муҳсин МУЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Сомон КИШВАРОВ (Душанбе-2)
3. Абдулло АБДУЛЛОЕВ (ШНТМ)

Вазни -100кг
1. Меҳроб ТАҒОЙМУРОДОВ (Душанбе-2)
2. Саймуъмин АЛИЕВ (Хатлон-1)
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе-1)
3. Эмом КАМОЛОВ (Душанбе-2)

Вазни +100кг
1. Озодбек ҶӮРАЕВ (Душанбе-1)
2. Умед КАМОЛОВ (Душанбе-1)
3. Файзалӣ ЯХШИБЕКОВ (Душанбе-1)
3. Толибҷон ТОИРОВ (Душанбе-1)

Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва ҷудоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Боқиев Худойназар омӯхтааст.
Айни ҳол дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад.
Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразил), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.
Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.