Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЛОШИ “ФАЙЗКАНД” БАРОИ МОНДАН ДАР ЛИГАИ ОЛӢ

27.09.2021

: 560

Бозиҳои даври бистуякуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 25-26 сентябр баргузор шуданд.

Ин навбат дастаи “Файзканд”-и Восеъ дар сафар бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз минтақаи хатар – тарки лигаи олӣ – раҳо ёфт. Голи ягонаро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-уми дидор зад. "Файзканд", ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.

КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи “Душанбе” 4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.

“Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Куктош” пирӯз шуд – 4:2. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози “Куктош” Нодирбек Иброҳимов нохоста тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров заданд. Голҳои тими “Куктош”-ро Насимҷон Муҳаммадиев муаллифӣ намуд.

Дар бозии марказии давр “Истиқлол” дар сафар бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 зад.

Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон - «Хатлон» - «Равшан», “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари “Равшан” Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони “Хатлон” Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.

Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш “Истиқлол” пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. “Хуҷанд” бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                              Б      Ғ      М     Б      Т-Т       Х   
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  20  16  3  1  57-7  51
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  20  13  2  5  43-21     41
 3  КМВА (Душанбе)  21  9  6  6  30-25  33
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)      21  8  5  8  23-22  29
 5  "Хатлон" (Бохтар)  21  8  5  8  23-26  29
 6  "Эсхата" (Хуҷанд)  21  8  3  10  29-35  27
 7  "Равшан" (Кӯлоб)  21  5  8  8  20-26  23
 8  "Файзканд" (Восеъ)  21  5  5  11  14-26  20
 9  "Душанбе" (Душанбе)  21  4  6  11  21-48  18
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  21  4  5  12  26-50  17