Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ СЕЮМ ОҒОЗ ШУД

20.09.2021

: 554

Бо баргузор шудани бозиҳои даври нуздаҳум марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд.

Ин давр бе ҳангома гузашт – довталабони медалҳо ба хато роҳ надоданд.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев ва Ваҳдат Ханонов заданд.

“Хуҷанд” бо ҳисоби калони 5:0 дастаи “Душанбе”-ро мағлуб кард. Дилшод Бозоров ду гол, Далер Ёдгоров, Комрон Турсунов ва Артём Сердюк якголӣ ба номашон сабт карданд.

“Истаравшан” дар бозии хонагӣ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Шаҳзодҷон Маъмурҷонов зад.

“Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ ба дарвозаи тими “Куктош” се голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои охири нимаи аввал ҳисобро кушод. Ҳамдастаҳояш Жан Гатен НД ва Худойдод Узоқов дар нимаи дуюм ҳисобро афзуданд.

Ниҳоят “Эсхата” дар майдони худ аз тими КМВА бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Ба голҳои задаи бозингарони артиш Фатҳулло Фатҳуллоев ва Сайёди Ковусшоҳ, бонкчиҳо тавонистанд тавассути Ҷаҳонгир Эргашев бо як гол ҷавоб диҳанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷадвали мусобиқа тағйирот ба амал наомад. Мисли пеш “Истиқлол” дар ҷои аввал, “Хуҷанд” дар ҷои дуюм, “Истаравшан” дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 21-22 сентябр баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ «Файзканд» бо «Хуҷанд», «Истиқлол» бо «Хатлон», «Равшан» бо КМВА, «Душанбе» бо «Эсхата» ва «Куктош» бо «Истаравшан» вомехуранд.

 ҶОЙ    ДАСТАҲО                             Б      Ғ       М      Б      Т-Т       Х     
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  18  14  3  1  55-7  45
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  18  11  2  5  38-19     35
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)       19  8  5  6  22-19  29
 4  КМВА (Душанбе)  19  7  6  6  24-24  27
 5  "Хатлон" (Бохтар)  19  7  5  7  21-24  26
 6  "Эсхата" (Хуҷанд)  19  7  3  9  27-33  24
 7  "Равшан" (Кӯлоб)  19  5  8  6  18-22  23
 8  "Душанбе" (Душанбе)  19  4  6  9  20-42  18
 9  "Файзканд" (Восеъ)  19  4  5  10  13-25  17
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  19  3  5  11  22-45  14