Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” НАТАВОНИСТ БА ЧОРЯКФИНАЛИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО БАРОЯД

15.09.2021

: 552

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон мағлуб ва аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.

Бозии дастаҳо 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, дар шоҳидии ҳудуди 18000 мухлис сурат гирифта, бо ҳисоби 0:1 поён ёфт.

Голи ягонаро Маҳдӣ Торобӣ дар дақиқаи охири дидор зад ва дастаашро ба даври чорякфинал бурд.

Гуфтан зарур аст, ки “Истиқлол” бори аввал дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат ва дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳунари хуб нишон дода, дастаҳои беҳтарини футболи қораро шигифтзада карда, ба марҳилаи ҳашяткфинал роҳ ёфт.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021
1/8-финал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1
Гол: Маҳдӣ Торобӣ, 90

Ҳайати «Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Манучеҳр Сафаров, Алексей Ларин, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Шервонӣ Мабатшоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳӣ: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»), Фаршод Фараҷӣ, Милод Сарлак («Персеполис»).

Сардовар: Ҳироюки Кимура (Ҷопон).

Нозири доварон: Субҳиддин Маҳд Солеҳ (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбекистон).