10.09.2021
: 752
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буд, фардо – 11 сентябр – ба анҷом мерасад. То имрӯз варзишгарони мо сазовори 14 медал – 7 нуқра, 7 биринҷӣ - шуданд.
8 сентябр мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд, ки паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни -71кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар мусобиқаи бокси тайландӣ бошад, варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамоҳ Холова дар вазни -60кг миёни духтарон медали нуқра, Амонҷон Даминов дар вазни -71кг миёни писарон медали биринҷӣ гирифтанд. Дар мусобиқаи тенниси рӯи Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Қаблан варзишгарони мо дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гуштини тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар гуштини камарбандӣ 2 медал, дар кураш 3 медал ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳо беш аз 1000 варзишгари аз 14 то 23-сола аз 9 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон.
Ҷумҳурии моро дар якум Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.