Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: ШУМОРАИ МЕДАЛҲОИ ТОҶИКИСТОН БА 10 РАСИД

07.09.2021

: 602

Дар панҷ рӯзи мусобиқоти аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарони мо сазовори 10 медал – 6 нуқра, 4 биринҷӣ - шуданд.

Дирӯз, 6 сентябр, мусобиқа оид ба кураши тоторӣ баргузор шуд, ки паҳлавонони тоҷик 3 медал гирифтанд: Хуршедшоҳ Каримзода (-60кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-80кг) медалҳои нуқра, Қурбоналӣ Охунов (-75кг) медали биринҷӣ.

Қаблан варзишгарони мо дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гуштини тарзи озод 2 медал, дар намуди бокс як медал, дар гуштини камарбандӣ ду медал ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои тими мунтахаби Тоҷикистон ба 10 адад – 6 нуқра, 4 биринҷӣ – расид.

Дар бозиҳо беш аз 1000 варзишгар аз 9 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон.

Дар якум Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз ҷумҳурии мо 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш иштирок мекунанд.