Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ФУТБОЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БА МАНАМА САФАРБАР ГАРДИД

02.09.2021

: 948

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол барои баргузор кардани ду бозии рафиқона бо ҳамсолонашон аз Баҳрайн дар санаҳои 3 ва 6 сентябр озими Манама шуд.

Ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 23 бозингар иборат аст – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар, 3 ҳамлагар. Ба даста ду легионер даъват шудаанд – нимҳимоятгари клуби “Навбаҳор”-и Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз клуби “Торпедо БелАЗ”-и Буларус.

Бозиҳои рафиқона бо Баҳрайн барои тими ҷавонони мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб меёбад, ки 25-31 октябр дар Душанбе баргузор мегардад. Тими ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ мекунад.

Ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои рафиқона муқобили тими мунтахаби ҷавонони Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Куктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Куктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳар ду аз «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳама аз «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.