Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АКМАЛИДДИН ВА САДР - ҶОИЗАДОРОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS

АКМАЛИДДИН ВА САДР - ҶОИЗАДОРОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS АКМАЛИДДИН ВА САДР - ҶОИЗАДОРОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS АКМАЛИДДИН ВА САДР - ҶОИЗАДОРОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS АКМАЛИДДИН ВА САДР - ҶОИЗАДОРОНИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS

23.08.2021

: 756

Паҳлавонони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) сазовори медал шуданд.

Мусобиқа 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Россия бо иштироки беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо баргузор шуд.

Аз ҷумҳурии мо чор нафар – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни -58кг сазовори медали нуқра ва 7000 доллари ИМА ҷоизапулӣ гардид. Дар ин вазн ҳамагӣ 7 нафар иштирок карданд. Акмалиддин дар даври аввал озод буд, сипас дар нимфинал пирӯз ва дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ мағлуб шуд.

Садр Боев бошад, дар вазни -88кг медали биринҷӣ ва 5000 доллари ИМА мукофот гирифт. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Узбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хурд. Садр сипас дар рақобат барои ҷои сеюм намояндаи Марокаш Ал Ҳусейн Чакириро мағлуб намуд.