Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ БО ДУ ПИРӮЗӢ ВА ЯК БОХТ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО ҶАМЪБАСТ КАРД

26.07.2021

: 659

26 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -73кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.

Сомон дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз варзишгари Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио барои Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфт.

Ҷудочиёни мо фардо мусобиқаро идома медиҳанд. Акмал Муродов дар вазни -81кг нерӯ месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуам мебошад. Оғози қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе.

Сипас, 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва 31 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин мегиранд.