Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРОИ ШАББОС АНҶОМ ЁФТ, БАҲОДУР МУСОБИҚАРО ИДОМА МЕДИҲАД

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРОИ ШАББОС АНҶОМ ЁФТ, БАҲОДУР МУСОБИҚАРО ИДОМА МЕДИҲАД БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРОИ ШАББОС АНҶОМ ЁФТ, БАҲОДУР МУСОБИҚАРО ИДОМА МЕДИҲАД

25.07.2021

: 727

25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ду варзишгари мо аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев муҳориба карданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг муқобили варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунез ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехурад.

Шаббос Негматуллоев бошад, дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Фардо – 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, вазни -73кг ба рақобат мепардозад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе. Қувваозмоиҳои финалӣ бошад, соати 13:00 шуруъ мегардад.

Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид аст. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Аввалин медали тиллои олимпиро дирӯз – 24 июл – варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. Инак, то ҳоло варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио даст ёфтаанд.