Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД

ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД ИМПЕРАТОР НАРУҲИТО БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИОРО ИФТИТОҲ КАРД

23.07.2021

: 719

23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ ширкат намуд. Парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов буд.

Пас аз гузашти ҳайатҳои олимпӣ аз номи варзишгарон, доварон ва мураббиён савганди олимпӣ қабул шуд. Аз ҷумла аз номи варзишгарон Ямагата Риота (варзиши сабук) ва Ишикава Касуми (тенниси рӯи миз) савганд ёд карданд.

Сипас, президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Сейко Ҳашимото ва президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах суханронӣ карданд.

Сейко Ҳашимото аз ҷумла иброз намуд: "Тамоми ҷаҳон бо COVID-19, бо ин мушкили азим рӯ ба рӯ шудааст. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандони муҳим, аз ҷумла ба кормандони соҳаи тиб ва дигарон миннатдорӣ ва эҳтироми худро баён кунам, ки дар рафъи ин мушкил азми бузург нишон доданд".

Томас Бах гуфт: "Имрӯз як лаҳзаи умед аст. Биёед ин лаҳзаро қадр кунем, зеро дар ниҳоят мо бо ҳамем - варзишгарон аз 205 кумитаи миллии олимпӣ ва дастаи олимпии КБО, ки дар Деҳаи олимпӣ зери як бом зиндагӣ мекунанд. Ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш аст. Мо ҳама дар ин ҷо ба туфайли шумо, мизбонони меҳрубон - мардуми Ҷопонем, ки ба Шумо миннатдорӣ изҳор мекунем".

Президенти КБО Томас Бах императори Ҷопонро даъват кард, ки Бозиҳои Олимпиадаи ХХХII, Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро кушода эълон кунад.

"Ман Бозиҳои Токиоро, ки Олимпиадаи ХХХII давраи муосирро ҷашн мегирад, кушода эълон мекунам", - иброз намуд императори Ҷопон Наруҳито.

Оташи олимпиро дар Варзишгоҳи миллии Токио теннисбози машҳури Ҷопон Наомӣ Осака фурӯзон кард.

Барномаи ҳунарӣ низ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 10 варзишгари тоҷик аз рӯи 4 намуди варзиш иштирок мекунанд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).

Ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид аст. Беш аз 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.