Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ МУСОБИҚАИ БОКС ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДОИР ШУД

22.07.2021

: 572

22 июн, ҳамчунин маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.

Дар натиҷаи он ҳарифони варзишгарони мо муайян шуданд.

25 июл ду варзишгари мо дар даври 1/16 ниҳоӣ муҳориба мекунанд – Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо Даксианг Чен аз Чин. Қувваозмоии онҳо тақрибан соати 9:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Сиёвуш Зуҳуров бошад, 29 июл дар вазни +91кг қувваозмоиро аз даври 1/8-финал шуруъ менамояд. Ҳарифаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад. Қувваозмоии ӯ тақрибан соати 8:40 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар мусобиқаи бокс, ки аз 24 июл то 8 август аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 275 варзишгар (174 мард, 101 зан) аз 76 давлат, инчунин дастаи гурезаҳо ширкат мекунанд.