Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ МУСОБИҚАИ ҶУДОИ ОЛИМПӢ ДОИР ШУД

22.07.2021

: 569

Имрӯз, 22 июл, маросими қуръакашии мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуда, ҳарифони варзишгарони мо муайян шуданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими гурезаҳо вомехурад. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар гуштин мегиранд.

Ҳарифи Акмал Муродов (-81) дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Ин вазн 35 варзишгарро ба ҳам овардааст.

Комроншоҳ Устопириён (-90кг) қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифи нахустинаш Алекс Клергет аз Фаронса аст. Дар ин вазн 33 варзишгар барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал бо Эндӣ Гранда аз Куба гуштин мегирад. Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Умуман, дар мусобиқаи ҷудои олимпӣ, ки аз 24 то 31 июл баргузор мешавад, 393 варзишгар (201 мард, 192 зан) аз 128 давлат ширкат мекунанд.

Қувваозмоиҳои вазни -73кг (Сомон Маҳмадбеков) 26 июл, -81кг (Акмал Муродов) 27 июл, -90кг (Комроншоҳ Устопириён) 28 июл, +100кг (Темур Раҳимов) 30 июл доир мегарданд.