Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БРИСБЕН МИЗБОНИ 35-УМ БОЗИҲОИ ОЛИМПИАДА ИНТИХОБ ШУД

БРИСБЕН МИЗБОНИ 35-УМ БОЗИҲОИ ОЛИМПИАДА ИНТИХОБ ШУД БРИСБЕН МИЗБОНИ 35-УМ БОЗИҲОИ ОЛИМПИАДА ИНТИХОБ ШУД

21.07.2021

: 581

Дар 138-ум Иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), ки дар Токио ҷараён дорад, шаҳри Брисбени Австралия мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 интихоб шуд.

Ба ҷонибдории Брисбен, ки ягона номзад буд, аз 77 нафар 72 нафар овоз доданд, 2 нафар зид, 3 нафар бетараф буданд.

Президенти КБО Томас Бах ва Сарвазири Квинсленд Аннастасия Паласчук шартномаи мизбони Бозиҳои олимпии соли 2032-ро имзо карданд.

Шӯрои иҷроияи КБО 24 феврал Брисбенро ҳамчун номзади бартар тасдиқ карда буд.

Таҷрибаи баланди баргузории бозиҳои муҳташами варзишӣ, консепсияи пешрафтаи бозиҳо, ки пурра бо Рӯзномаи олимпии 2020 мувофиқат мекунад ва истифодаи аз 80 то 90 фоизи ҷойҳои мавҷуда ё муваққатӣ аз бартариҳои Брисбен барои мизбони Бозиҳои олимпӣ шудан буд.

Австралия солҳои 1956 дар Мелбурн ва 2000 дар Сидней Бозиҳои олимпиро мизбонӣ карда буд ва инак пас аз 32 сол Олимпиада ба ин кишвар бармегардад.