Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “ПОМИР” ДАР МАВСИМИ НАВ

28.06.2021

: 578

Бози даври дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 доир гардиданд.

Доватлабони асосии медалҳои тилло – “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд дар бозии хонагӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар даври дуюм “Соро компания” ба дарвозаи “Пойтахт” 6 голи беҷавоб, “Сипар” ба дарвозаи “Истиқлол” 2 голи беҷавоб заданд.

Барандаи медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими 2019 – дастаи “Помир”-и Хоруғ аввалин пирӯзиашро дар мавсими нав ҷашн гирифт. Футболбозони “Помир” бар тими “Самандар” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

Бо натиҷагирӣ аз ду даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021, “Соро компания” ва “Сипар” бо шашхолӣ пешсафанд. Дар даври навбатӣ ин дастаҳо муқобили ҳам бозӣ мекунанд. Дидори дастаҳо 3-юми июл дар Душанбе сурат мегирад.

ДАСТАҲО

Б      

Ғ    

М    

Б    

ГОЛҲО    

ФАРҚ   

Х     

1    

“СОРО КОМПАНИЯ” (ДУШАНБЕ)      

2

2

0

0

11-0

+11

6

2

“СИПАР” (ХУҶАНД)

2

2

0

0

10-0

+10

6

3

“ИСТИҚЛОЛ” (ДУШАНБЕ)

2

1

0

1

4-3

+1

3

4

“ПОМИР” (ХОРУҒ)

2

1

0

1

3-6

-3

3

5

“САМАНДАР” (ТУРСУНЗОДА)

2

0

0

2

2-7

-5

0

6

“ПОЙТАХТ” (ДУШАНБЕ)

2

0

0

2

0-14

-14

0