Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРӢ: 4 ШОҲҶОИЗА ДАР ТОҶИКИСТОН МОНД

28.06.2021

: 747

27-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари паҳлавонони Тоҷикистон, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрон, Озарбойҷон ва Кувайт иштирок доштанд ва дар чор вазн -65кг, -75кг, -90кг, +90кг гуштин гирифтанд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқа фаъолона иштирок намуда, дар ҳар чор вазн зинаи аввал ва шоҳҷоизаи мусобиқа - автомобилро ба даст оварданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ:

Вазни -65кг
1. Ориф ДОДОВ (Тоҷикистон)
2. Дилшод БУРИЕВ (Узбекистон)
3. Хайрандеш МУРОДЗОДА (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад ЮСУФ ШУЙАБ (Афғонистон)

Вазни -75кг
1. Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ (Тоҷикистон)
2. Улуғбек ОТАМУРОДОВ (Узбекистон)
3. Мирлан ЭРАЛИЕВ (Қирғизистон)
3. Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Тоҷикистон)

Вазни -90кг
1. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
2. Эркин ҚАЗОҚОВ (Узбекистон)
3. Арам ГРИГОРЯН (Руссия)
3. Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон)

Вазни +90кг
1. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
2. Ҷарҷал ИБРОҲИМ ШАҲРИЁР (Эрон)
3. Шариф НАЗРИЕВ (Тоҷикистон)
3. Яҳё ИМОНОВ (Узбекистон)