Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОҶИКИСТОН – ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР

25.06.2021

: 628

Таҳти унвони “Тоҷикистон – зидди маводи мухаддир” 26 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба таеквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад.

Тавре аз Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони соли таваллудашон 2005-2007 аз ҳамаи минтақаҳои кишвар метавонанд ширкат намоянд.

Мусобиқа ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир баргузор мешавад ва ҳадаф рушди варзиши таеквондо, ҷалби наврасон ба варзиш ва дур нигоҳ доштани онҳо аз одатҳои бад мебошад.

Қувваозмоиҳо дар 5 вазн миёни писарон, 3 вазн миёни духтарон доир мегардад ва ғолибон бо медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.