Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАШНИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ

23.06.2021

: 692

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаҳои варзишӣ сурат гирифт.

Донишҷӯёни донишкада бо баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ, футбол, баскетбол, волейбол Рӯзи олимпиро ҷашн гирифтанд. Ҳамчунин дар саҳни донишкадаи аксияи экологӣ доир карда шуда, роҳраву ҷӯйборҳо аз ифлосиҳо пок карда шуд.

Иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо бо туҳфаҳо ва сертификати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард, инчунин Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт.

Моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи эълон кардани 23 июн ҳамчун Рӯзи олимпӣ қарор қабул шуд ва 73 сол мешавад, ки тамоми кишварҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд.