Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МИЁНИ ФФТ ВА АФҚ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

22.06.2021

: 1756

21 июн дар шаҳри Душанбе миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Қатар (АФҚ) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳуҷҷатро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва президенти АФҚ шайх Ҳамад ибни Халифа ибни Аҳмад Ал-Танӣ имзо карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба миёни созмонҳои футболи ду кишварро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо уҳдадор мешаванд, ки фаъолияти худро барои ташкил ва гузаронидани бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби мардон, бонувон, ҷавонон, футзали ҳар ду кишвар ҳамоҳанг намоянд.

Ҳамчунин, таҳияи барномаи такмили ихтисоси мураббиён, рушди футболи бонувон ва оммавияти футбол, ҳамкорӣ дар самти маркетинг, тиб, доварӣ ва ғайра ба нақша гирифта шуд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Қатар ва Ассотсиатсияи футболи Қатар барои доир кардани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 муваффақият хост.

Шайх Ҳамад ибни Халифа ибни Аҳмад Ал-Танӣ гуфт: «Чемпиони Тоҷикистон - клуби футболи "Истиқлол"-ро барои баромадан ба даври 1/8-финали Лигаи чемпионҳои Осиё табрик мекунам. Тими миллии Тоҷикистон низ барои баромадан ба даври дигари мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-22 наздик буд. Шумо мунтахаби пешрафта доред, ба тими миллии Шумо муваффақият мехоҳам".