Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

ТАЕВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД ТАЕВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

14.06.2021

: 761

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо дар ҳайати 7 варзишгар ҷиҳати иштирок дар 24-ум Чемпионати Осиё ба Лубнон сафар кард.

Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрут баргузор мешавад. Дар он иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.

Федератсияи таеквондои Тоҷикистон 7 варзишгар (4 мард, 3 зан)-ро ба Лубнон сафарбар кард:

Мардҳо
1. Шоҳрух Баротов (-58кг)
2. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-68кг)
3. Хуррам Меҳтаршоев (-74кг)
4. Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-80кг)

Бонувон
5. Муниса Ойматова (-49кг)
6. Муниса Исматова (-62кг).
7. Моҳру Ҳалимова (-67кг)

Онҳоро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳамакамӣ менамоянд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар арафаи Чемпионати Осиё Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, ки ҳамзамон ноиби раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби муассисаи таълимии таеквондо – Куккивон дар Сеул бо камарбанди дани 6-ум (нозири байналмилалӣ) сарфароз гардид.