Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАМ РОБЕРТ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ТАЛОШ ДОРАД

НАМ РОБЕРТ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ТАЛОШ ДОРАД НАМ РОБЕРТ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ТАЛОШ ДОРАД

11.06.2021

: 650

7-11 июн дар шаҳри Гвангҷуи Кореяи Ҷанубӣ якум марҳилаи мусобиқаи рейтингии ҷаҳонӣ – Ҷоми Осиё баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, дар мусобиқа 30 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Бангладеш, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Ҷопон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Нам Роберт намояндагӣ карда, ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуд.

Ӯ акнун дар мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки аз 17 то 28 июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад, ширкат мекунад. Ба гуфтаи Федератсияи камонварии Тоҷикистон, агар Роберт Нам дар Париж натиҷаҳои Ҷоми Осиёро нишон диҳад, соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мегардад.