Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО ДУ МАРКАЗИ ИММУНИЗАТСИЯИ ЗИДДИ COVID ТАЪСИС ДОД

04.06.2021

: 662

Дар доираи ташаббуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), ҷиҳати ҳарчи бештар эм кардани варзишгарон зидди коронавирус пеш аз сафар ба Ҷопон, дар Қатар ва Руанда ду маркази иммунизатсия таъсис дода шуд.

КБО умедвор аст, ки ин иқдом боис мегардад иштирокчиёни бозиҳо, ки дар кишварҳои худашон имкон наёфтанд иммунизатсия гарданд, то сафар ба Ҷопон эм карда шаванд.

Дар асоси қарордоди КБО бо ширкати олмонии “Pfizer” ин ду марказ бо миқдории зарурии ваксинаи “Pfizer-BioNTech” таъмин карда хоҳанд шуд.

КБО иброз намуд, кумитаҳои миллии олимпие, ки ҷиҳати сафар ба ин марказҳо ба маблағ ниёз доранд, метавонанд ба ҳамбастагии олимпӣ дархост пешниҳод намоянд.

“Чунин имкони иловагӣ ҷиҳати иммунизатсия боис мегардад, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио ҳам барои иштирокчиён ва ҳам барои ҷопониҳо бехатар бошад”, - гуфтааст Ҷеймс Маклеод, директори КБО ва ҳамбастагии олимпӣ.

КБО тасдиқ кард, ки 75 дар сади онҳое, ки дар Деҳаи олимпӣ хоҳанд буд, эм карда шудаанд ва ин шумора дар рӯзҳои баргузории бозиҳо ба беш аз 80 дарсад хоҳад расид.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. То имрӯз се варзишгари мо тавонистанд роҳхати бозиҳоро ба даст оваранд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (200м).