Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: МАРҲИЛАИ АВВАЛ БО ПИРӮЗИИ “ХУҶАНД” АНҶОМ ЁФТ

26.05.2021

: 663

Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии “Хуҷанд” ба анҷом расид.

25 май се бозии даври ҷамъбастии чемпионат баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон мағлуб гардиданд, як бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Дастаи “Душанбе” дар бозии хонагӣ аз тими “Эсхата” бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Дастаи нави дигаи олӣ - “Эсхата”-и Хуҷанд тавассути голҳои задаи Боҳирҷон Сангибоев ва Парвиз Алиев се холӣ дигар ба даст оварда, бо 11 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад. Голи “Душанбе”-ро Фарҳод Қосимов зад.

Дар бозии дигар “Хатлон”, ки дар се бозии охир пайиҳам пирӯз гашт, аз тими “Файзканд” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голи ягонаи дидорро Абдухалил Боронов зада, дастаашро ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат баровард.

Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – “Истаравшан” мусовӣ (0:0) шуд.

Бо ҳамин, дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ то 20 июн танаффус эълон мешавад. Вале то он вақт мо шояд шоҳиди бозиҳои мавқуфмондаи марҳилаи якум гардем.

Дар марҳилаи якум 10 бозӣ, хусусан бозиҳо бо иштироки дастаи “Истиқлол” баргузор нашудаанд: “Истиқлол” – “Душанбе” (даври дуюм), “Истаравшан” – “Истиқлол” (даври 3), “Истиқлол” – “Хатлон” (даври 4), “Файзканд” – “Истиқлол” (даври 5), “Хуҷанд” – “Файзканд”, КМВА – “Равшан” (даври 7), “Истиқлол” – “Равшан”, “Эсхата” – “Хуҷанд” (даври 8), “Равшан” – “Куктош”, “Хуҷанд” – “Истиқлол” (даври 9).


ДАСТАҲО Б    Ғ    М    Б    Т     Т     ФТ    Х    
1  "ХУҶАНД" (ХУҶАНД) 6 4 1 1 14 5 +9 13
2  "ХАТЛОН" (БОХТАР) 8 3 3 2 9 7 +2 12
3  "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 7 3 3 1 8 6 +2 12
4  "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 8 3 2 3 13 12 +1 11
5  "КУКТОШ" (РӮДАКӢ) 8 3 2 3 10 14 -4 11
6  "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 8 2 3 3 13 16 -3 9
7  "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН) 8 2 3 3 8 9 -1 9
8  "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 3 2 1 0 4 1 +3 7
9  КМВА (ДУШАНБЕ) 8 1 2 5 6 12 -6 5
10  "РАВШАН" (КӮЛОБ) 6 1 2 3 5 8 -3 5