Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ИРОҚ МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

25.05.2021

: 671

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол тими мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Ироқ бозии дӯстона анҷом дод.

Бозӣ 24 май дар Варзишгоҳи “Ал-Файҳ”-и Ироқ сурат гирифта, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дар сатҳи дастаҳои мунтахаб Ироқ ва Тоҷикистон маротибаи дуюм вохурданд. Дар бозии аввал, ки 3-юми августи соли 1999 дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 дар Душанбе баргузор шуда буд, тим миллии Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд. Голи Тоҷикистонро он вақт Тоҳир Муъминов зада буд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии навбатии рафиқонаашро дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ҷамъбастии интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 29 май доир мекунад. Дар он рӯз шогирдони Усмон Тошев дар Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад дар Шарҷа (АМА) муқобили тими миллии Тайланд бозӣ мекунанд. Вохурии дастаҳо соати 21:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бозии рафиқона

Ироқ – ТОҶИКИСТОН – 0:0

Ҳайати Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Довари марказ: Исмоил Ҳабиб Алӣ Исмоил (Баҳрайн).

24 май. Басра, Ироқ. Варзишгоҳи «Ал-Файҳ».