Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ 1/8-ФИНАЛИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021 МУАЙЯН ШУДАНД

24.05.2021

: 697

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор шуда, иштирокчиёни марҳилаи 1/8-финал муайян гардиданд.

Дастаи лигаи якум – “Моҳир”, “Саройкамар”, “Панҷшер”, “Ҳулбук”, “Пахтакор” ва “Регар-ТадАЗ” ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ барои ба даст овардани ҷом талош мекунанд.

Ёдрас менамоем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2021 имкон пайдо мекунад, ки кишварро дар Ҷоми КФО-2022 намояндагӣ кунад. Дар сурати чемпиони Тоҷикистон ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон як даста будан, барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон ба Ҷоми КФО-2022 роҳхат мегирад.

Ҷоми Тоҷикистон-2021
Марҳилаи муқаддамотӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Исфара» – 11:0
Голҳо: Фирӯз Қараев, 5 – аз пеналтӣ (1:0). Шуҳрат Элмуродов, 16 (2:0). Парвиз Бахтиёрзода, 19 (3:0). Алишер Шарипов, 21 (4:0). Шавкати Ҳотам, 27 (5:0). Акбар Бобомуродов, 30 (6:0). Шерзод Муҳаммадиев, 37 (7:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 43 (8:0). Азизбек Ҳаитов, 54 (9:0). Акбар Бобомуродов, 68 (10:0). Амин Эргашев, 85 (11:0).

«Моҳир» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Акмал Зулпалиев, 1.

«Саройкамар» – «Ваҳдат» – 3:2
Голҳо: Умедҷон Азизов, 26 – аз пеналтӣ (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 37 (0:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 61 (1:2). Мунис Расулов, 73 (2:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 90+3 (3:2).

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафарабад) – 2:0
Голҳо: Шавкат Худойназаров, 65 – аз пеналтӣ (1:0). Шавкат Худойназаров, 75 (2:0).

«Динамо» – «Ҳулбук» – 1:3
Голҳо: Амирҷон Алихонов, 21 (0:1). Гурез Аслонов, 41 (0:2). Самариддин Расулов, 88 (0:3). Фахриддин Аҳтамов, 90+2 (1:3).

«Пахтакор» – «Ҳосилот» – 3:2
Голҳо: Баҳриддин Муҳиддинов, 10 (1:0). Исроил Сомон, 20 (1:1). Далер Шарипов, 50 (2:1). Хайрулло Азизов, 58 (2:2). Фарҳодҷон Бобоев, 108 (3:2).