Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РУХШОНА НАРЗУЛЛОЕВА УЗВИ ШӮРОИ ИҶРОИЯИ BWF ИНТИХОБ ШУД

РУХШОНА НАРЗУЛЛОЕВА УЗВИ ШӮРОИ ИҶРОИЯИ BWF ИНТИХОБ ШУД РУХШОНА НАРЗУЛЛОЕВА УЗВИ ШӮРОИ ИҶРОИЯИ BWF ИНТИХОБ ШУД

24.05.2021

: 657

Намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Рухшона Нарзуллоева узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии бадминтон (BWF) интихоб шуд.

Маҷлиси солонаи BWF 22 май баргузор шуда, роҳбарият ва аъзои Шӯрои иҷроия барои чор соли оянда – 2021-2024 интихоб гардиданд.

“Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон аз миёни чандин номзадҳо бо 182 овоз узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонӣ интихоб гардид, - иброз намуд раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев. - Рухшона ягона узви Шӯрои иҷроияи BWF аз ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ ва дуюм аз ҳудуди собиқ давлатҳои ИҶШС мебошад”.

Дар ҷаласа Пул-Эрик Ҳойер (президент), Хунинг Патама Лисвадтракул ва Пол Курзо (ноибони президент) бидуни рақобат дар вазифаҳои худ дубора интихоб шуданд.