Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ НУҚРАИ СУНАТУЛЛО ЛОИҚОВ ДАР ҶОМИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН

17.05.2021

: 637

Ҷудочии ҷавони тоҷик Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон сазовори медали нуқра шуд.

Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон 14-16 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд. Дар он беш аз 400 варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат карданд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгар - 6 нафар миёни ҷавонон, 5 нафар миёни наврасон - намояндагӣ карданд.

Сунатулло Лоиқов дар вазни -81кг миёни ҷавонон рақобатро дар даври аввал муқобили варзишгари мизбон Бекзат Таугалиев оғоз карда, пирӯз шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ варзишгари дигари мизбон Батирхан Сакенов ва дар нимфинал намояндаи Қирғизистон Абдулло Ҷалолиддиновро мағлуб намуд. Вале дар мубориза барои медали тиллои мусобиқа, аз чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019, варзишгари ботаҷрибаи мизбон Аян Байгази шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра гардид.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.