Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

7800 ВАРЗИШГАР РОҲХАТИ ТОКИО-2020-РО БА ДАСТ ОВАРДААНД

15.05.2021

: 636

70 фоизи квотаҳо барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 тақсим шудааст ва мусобиқаҳои интихобӣ дар як қатор намудҳо ва равияҳои варзиш аллакай ба анҷом расиданд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ иттилоъ додааст, ки чораҳои шадиди саломатӣ ва бехатарӣ имкон дод, ки раванди мусобиқаҳои интихобӣ ба Токио-2020 дар саросари ҷаҳон бо баргузор кардани зиёда аз 260 чорабинии бузург аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии варзишӣ идома ёбад.

Дар ин чорабиниҳо тақрибан 40 000 варзишгар ширкат карданд ва 70 фоизи квотаҳои ҷудошударо ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд, ки ба беш аз 7800 варзишгар рост меояд.

Таҷрибаи андӯхтаи федератсияҳои байналмилалӣ ва варзишгарон дар таҳияи чораҳои зидди COVID-19-и Токио-2020 ва дастури қоидаҳо “Playbook” ворид карда шудааст.

Аз квотаҳои умумӣ барои бозиҳо 20 дарсади дигараш тавассути радабандӣ тақсим карда хоҳанд шуд ва 10 фисади дигараш тавассути мусобиқаҳои интихобӣ, ки то 29 июн доир мегарданд, соҳибони худро пайдо менамоянд.

Як қатор намудҳо ва равияҳои варзиш аллакай раванди интихобии олимпии худро ба анҷом расонидаанд, аз ҷумла велосипедронӣ, велотрек, ҷаҳиш ба об, аспсаворӣ, футбол, ҳендбол, чавгонбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ, волейбол, тӯббозӣ дар об ва гӯштини варзишӣ.

Ёдрас менамоем, ки феълан ду варзишгари тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев – роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овардаанд. Варзишгаронамон дар намудҳои ҷудо, варзиши сабук, қайиқронӣ, таевондо барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош доранд.