Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ КФО-2021: МУСОВИИ “ХУҶАНД” БО “ОЛТИН АСИР”, БОХТИ “РАВШАН” АЗ “АҲАЛ”

15.05.2021

: 1786

Клубҳои футболи Тоҷикистон – барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020 “Хуҷанд” ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшан” аввалин бозиҳояшонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 анҷом доданд.

Дар мусобиқаи марказонидашудаи гурӯҳи “F”, ки дар Душанбе мегузарад, “Хуҷанд” бо чемпиони Туркманистон “Олтин Асир” мусовӣ (2:2) бозӣ кард. Голҳоро дар ҳайати “Хуҷанд” Артём Сердюк ва Дилшод Бозоров заданд.

“Хуҷанд” дар даври дуюм бо дастаи “Насаф”-и Қаршӣ, ки дар даври аввал дастаи “Олой”-и Ушро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард, вомехурад. Дидори дастаҳо 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, соати 21:05 оғоз мегардад.

Дар гурӯҳи “Е” дар Бишкек “Равшан”-и Кӯлоб аз дастаи “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Голи ягонаи кӯлобиҳоро Далер Шомуродов зад.

Бозии ояндаи тими “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 20 май муқобили чемпиони Қирғизистон “Дордой” сурат мегирад.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 1-ус давр
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2
Голҳо: Алтимурат Аннадурдиев, 15 (1:0). Артём Сердюк, 25 (1:1). Дилшод Бозоров, 41 (1:2). Алтимурат Аннадурдиев, 44 (2:2).

«Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:0
Голҳо: Суҳроб Нуруллоев, 53 (1:0). Шоҳмалик Комилов, 59 (2:0). Ҳусайн Норчаев, 64 (3:0). Ҳусниддин Алиқулов, 75 (4:0).

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Насаф" (Узбекистон)    1  1  0  0  4-0  3
 2  "ХУҶАНД" (ТОҶИКИСТОН)    1  0  1  0  2-2  1
 3  "Олтин Асир" (Туркманистон)    1  0  1  0  2-2  1
 4  "Олой" (Қирғизистон)  1  0  0  1  0-4  0

Бозиҳои оянда:

2-юм давр
17 май (душанбе)
17:00. «Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Насаф» (Узбекистон)

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
17:00. «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «Е». 1-ум давр
«Аҳал» (Туркманистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1
Голҳо: Элман Тагаев, 14 (1:0). Элман Тагаев, 18 (2:0). Далер Шомуродов, 51 – аз пеналтӣ (2:1). Гурбан Аннаев, 63 (3:1).

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Аҳал" (Туркманистон)    1  1  0  0  3-1  3
 2  "Дордой" (Қирғизистон)    0  0  0  0  0-0  0
 3  "РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН)    1  0  0  1  1-3  0

Бозиҳои оянда:

2-юм давр
17 май (душанбе)
19:00. «Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
19:00. «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)