Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: БОЗӢ БАРОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИСОР ДОИР МЕШАВАД

29.03.2021

: 698

Бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни чемпиони феълии Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 - “Равшан”-и Кӯлоб 3-юми апрел баргузор мешавад.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, соати 16:00 оғоз мегардад. Даромад ба варзишгоҳ – озод.

Ин 12-ум бозии Суперҷоми Тоҷикистон мебошад. Он аз соли 2010 баргузор мешавад. Дастаи “Истиқлол” 9 карат, солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020, ғолиби Суперҷоми кишвар аст. Соли 2013 Суперҷомро “Равшан” ва соли 2017 “Ҳосилот”-и Фархор ба даст овардаанд.

Ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020)
2010. «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1