Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КАМОНВАРӢ: ҶОИ ДУЮМИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД

КАМОНВАРӢ: ҶОИ ДУЮМИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД КАМОНВАРӢ: ҶОИ ДУЮМИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД КАМОНВАРӢ: ҶОИ ДУЮМИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД

02.03.2021

: 854

Камонварони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду медал ба даст оварданд.

22-27 феврал дар шаҳри Тошканди Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор шуд, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат кард.

Варзишгарони мо дар сабқати даставӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали нуқра ба даст оварданд. Дар ҳар ду қувваозмоӣ варзишгарони Узбекистон ғолиб шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи Қирғизистон шуд.

Ба ҳайати тими бонувони мо Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова шомил буданд. Дастаи мардон аз Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов иборат буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли гузашта давоми се моҳ Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро табиқ кард, ки дар ҷараёни он курсҳои омӯзишӣ барои доварон, мураббиён ва масъулини федератсия доир гардид.