Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАҲОИ ГУРӮҲИИ ҶОМИ AFC БО ИШТИРОКИ “ХУҶАНД” ДАР ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД

01.03.2021

: 820

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Тоҷикистонро макони баргузории бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи “F” тасдиқ кард, ки дар он барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон - дастаи “Хуҷанд” иштирок мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи “F” ҳарифони тими “Хуҷанд” дастаҳои АГМК ё “Насаф”-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Алай”-и Қирғизистон ҳастанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар формати марказонидашуда дар як давр аз 14 то 20 май доир мегардад.

Бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи “Е” аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегарданд, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо тимҳои “Дордой”-и Қирғизистон ва “Аҳал”-и Туркманистон вомехурад.

Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи Марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақа вомехуранд, ки аз ду бозӣ иборат буда, 11 ва 25 август ба нақша гирифта шудааст.

Дар сурате ки тими АГМК ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 роҳхат бигирад, Узбекистонро дар Ҷоми AFC-2021 “Насаф” намояндагӣ мекунад. Дар ҳоли муваффақ нашудан дар бозии плей-оффи Лигаи чемпионҳо, клуби АГМК дар Ҷоми AFC-2021 иштирок менамояд.

Ҷоми AFC-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»
Макон – Бишкек, Қирғизистон
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)

1-ум давр
14 май (ҷумъа)
«Аҳал» (Туркманистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

2-юм давр
17 май (душанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «F»
Макон – Душанбе, Тоҷикистон
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Алай» (Қирғизистон)

1-ум давр
14 май (ҷумъа)
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) – «Алай» (Қирғизистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

2-юм давр
17 май (душанбе)
«Алай» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алай» (Қирғизистон)