Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОИ ҲАФТУМИ ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР “TEL AVIV GRAND SLAM”

20.02.2021

: 839

18-20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо – “Tel Aviv Grand Slam” баргузор шуд.

Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 6 варзишгар: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони мо Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар қувваозмоиҳои вазни +100кг дар ду давр бар намояндагони Қазоқистон (Ерасил Кажибоев) ва Австрия (Стефан Ҳеҷӣ) ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Нидерланд Рой Мейер мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.

Сомон Маҳмадбеков (+73), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Полша Адам Стадолски пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари Белорус Вадзим Шока шикаст хурд.

Комроншоҳ Устопириён (-90кг) низ, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Перу Юта Галаррета Вилларро мағлуб кард, аммо дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Маммадалӣ Меҳдиев мағлуб шуд.

Шакармамад Мирмамадов (+100кг), дар даври аввал бар ҳарифаш Наор Итаҳи исроилӣ ғолиб омаданд, вале дар даври минбаъда аз варзишгари Нидерланд Йур Сиперс мағлуб гардид.

Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) бошанд, дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хурданд.

Ин дуюм мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.