Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИЖАРОНҲОИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ АНАТОЛИА ШИРКАТ МЕКУНАНД

18.02.2021

: 803

20-21 феврал дар шаҳри Эрзуруми Туркия мусобиқаи навбатии Федератсияи байналмилалии лижаронӣ (FIS) – Ҷоми Анатолиа баргузор мешавад.

Ба иттилои Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки танҳо аз рӯи равияи слалом миёни мардон ва бонувон баргузор мешавад, ду варзишгари тоҷик – Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа, дар сурати иҷро кардани меъёрҳои муайяннамудаи FIS, имкон доранд соҳиби роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Сайфиддин Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин, ки 4-20 феврали соли 2022 баргузор мешавад, талош мекунанд.

Онҳо чанде пеш дар мусобиқаи FIS дар Орловкаи Қирғизистон ширкат карда буданд.