Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ҶАҲОНӢ ОИД БА БОКС БАРҲАМ ДОДА ШУД

16.02.2021

: 872

Мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки қарор буд моҳи июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шавад, барҳам дода шуд.

53 роҳхат, ки бояд дар ин мусобиқа дода мешуд, акнун дар асоси радабандӣ тақсим карда мешаванд ва беҳтарин муштзанҳои ҳар категорияи вазнии ҳамаи қитъаҳо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Мусобиқаи интихобии қораи Аврупо, ки ду маротиба ба таъхир афтод ва ин бор Лондон аз мизбонӣ даст кашид, моҳи июн доир мешавад, вале ҷои баргузории мусобиқа ҳоло маълум нест.

Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс эълон кард, ки тағйирот дар системаи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхати олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё мекунад.

Пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес аз 10 то 16 май макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс барои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ интихоб шуд.

Соли гузашта дар Урдун мусобиқаи интихобӣ барои Осиё/Уқёнус ва дар Сенегал барои Африқо доир гардида буд.

Дар мусобиқаи Осиё/Уқёнус ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов дар вазни -64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аввалин роҳхатҳои олимпиро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд. Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки аз 23 июл то 9 августи соли 2021 доир мешавад, омодагӣ мебинанд.

Радабандии Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳои интихобии қоравӣ тартиб дода шуда, барои тақсимоти 53 ҷой – 32 ҷой барои мардон ва 21 ҷой барои бонувон истифода мешавад.

Мусобиқаҳои интихобии олимпии боксро, пас аз он ки КБО моҳи майи соли 2019 бо сабаби мушкилот дар мудирият, молия ва ахлоқ эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро муваққатан боз хонд, гурӯҳи кории КБО бо роҳбарии Моринаре Ватанабеи ҷопонӣ, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика, баргузор мекунад.