Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН – ҒОЛИБИ “ҶОМИ РУШД-2021”

08.02.2021

: 785

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид, ки аз 31 январ то 6 феврал дар Минск (Белорус) доир гашт.

Дар бозии ҷамъбастии мусобиқа 6 феврал тими наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Белорус бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати тими мо Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва амирҷони Фаррухзод заданд.

Дар даврҳои якуму дуюми “Ҷоми рушд-2021” шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) ғалаба карда буданд.

Ҳамин тариқ, тими Тоҷикистон аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид.

Пас аз натиҷагирии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск дарвозабони тими наврасони Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани дастаи мо Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Толибов беҳтарин бозингари Ҷоми рушд-2021 эътироф шуданд.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли гузашта дар ин мусобиқа ҷои дуюмро сазовор шуда буд.