Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ ТИМИ НАВРАСОНИ КИШВАР БАР МОЛДОВА

03.02.2021

: 800

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск тими наврасони Молдоваро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Голҳоро Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода ва Сунатулло Азизов заданд.

Дар даври аввали “Ҷоми рушд-2021” футболбозони навраси Тоҷикистон бар дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 7:1 пирӯз гардида буданд.

Дар даври ҷамъбастии мусобиқа, 6-уми феврал, мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Белорус вомехуранд. Бозӣ соати 17:30 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” миёни наврасон дар Минск

2-юм давр

ТОҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17) – 5:1

Голҳо: Ҳукмиддин Шомуродов, 28 (1:0). Хусрав Тоиров, 31 (2:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 35 (3:0). Асадбек Ҷурабекзода, 61 (4:0). Ботан Дан, 77 (4:1). Сунатулло Азизов, 87 (5:1).

3-юми феврал. Минск. Толори футбол.