Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ НАВРАСОНИ КИШВАР “ҶОМИ РУШД 2021”-РО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ КАРД

01.02.2021

: 860

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар аввалин бозӣ дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард.

Голҳоро дар ҳайати тими кишвари мо Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷурабекзода заданд.

Дар даври дуюми “Ҷоми рушд-2021” 3-юми феврал футболбозони навраси мо бо дастаи Молдова вомехуранд. Дастаи наврасони Молдова дар даври аввал бар тими Белорус бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон - “Ҷоми рушд-2021” дар Минск

1-ум давр

Қазоқистон (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:7
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷурабекзода, 89 (1:7).

Белорус – Молдова – 1:3

31 январ. Минск. Толори футбол.