Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САДДАМ ДАР ҚАЗОН БАРОИ ДАРЁФТИ РОҲХАТ БА ТОКИО-2020 ОМОДАГӢ МЕБИНАД

26.01.2021

: 754

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам Рамзиёрзода ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Маркази рушди Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) дар шаҳри Қазон фаро гирифта мешавад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи бурсияи FINA, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам Рамзиёрзодаро ба ҷамъомади машқӣ-таълимии семоҳа ба шаҳри Қазони Руссия сафарбар карданд.

Барномаи бурсияи FINA барои варзишгарони кишварҳое, ки имкони пасти гирифтани роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд, нигаронида шудааст.

Мутахассисони сатҳи байналмилалии FINA муддати се моҳ – аз 25 январ то 20 апрели соли 2021 23 варзишгарро аз 18 давлат – Албания, Ангола, Афғонистон, Венесуэла, Гана, Гватамела, Гурҷистон, Доминикан, Колумбия, Куба, Латвия, Литва, Македонияи Шимолӣ, Нигерия, Покистон, Руанда, Тоҷикистон, Черногория - дар Маркази рушди FINA дар шаҳри Қазон аз рӯи рпавияҳои шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омода мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, Саддам Рамзиёрзода, ки чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон мебошад, пас аз иштирок дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Қазон моҳҳои апрел-май дар мусобиқаҳои интихобии олимпии FINA ширкат карда, барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош мекунад.

Дар акс: Саддам Рамзиёрзода бо сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Алишер Чингизов