Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ОРЛОВКА ЛИЖАРОНӢ МЕКУНАНД

18.01.2021

: 833

18-22 январ дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо ду варзишгар – Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин - ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардиданд. Хароҷоти сафари варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 пардохт мегардад.

Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.