Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ОСИЁ ДАР ИНШООТИ ПӮШИДА ВА ҲУНАРҲОИ РАЗМӢ МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД

14.01.2021

: 870

Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист аз 21 то 30 майи соли 2021 дар Бангкоки Тайланд баргузор мегашт, мавқуф гузошта шуд.

Шӯрои олимпии Осиё 14-уми январ бо пахши як изҳорот гуфт, ки вазъи ҷаҳонии пандемияи COVID-19, маҳдудиятҳои сафар дар бисёр кишварҳо ва протоколҳои соҳаи тандурустӣ дар саросари қора боиси гирифтани чунин тасмим шуд.

Санаҳои нави 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 10 то 20 марти соли 2022 ба нақша гирифта шуд.

Ин тасмимро Шӯрои олимпии Осиё пас аз муҳокимаи амиқ бо Кумитаи миллии олимпии Тайланд ва Кумитаи тадорукоти 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ба манфиатҳои ҳама кумитаҳои миллии олимпӣ, таъмини амният ва саломатии варзишгарон ва ҳамаи иштирокчиён, гирифтааст.

Ин дуюм чорабинии сатҳи қора аст, ки соли равон ба таъхир гузошта мешавад. Қаблан бо қарори Шӯрои олимпии Осиё 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё, ки бояд моҳи март дар Санйаи Чин доир мегардид, ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд.