Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ ҶОМИ ФФТ ДОИР ШУД

08.01.2021

: 819

Имрӯз дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе доир шуд.

Мусобиқаи анъанавии Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва финалӣ – баргузор мешавад. Марҳилаи муқаддамотӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон сурат мегирад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23 январ оғоз мегардад.

Дар минтақаи Душанбе 4 дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи якум ширкат хоҳанд кард, ки дар маросими қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомил гардиданд. Гурӯҳи “Б” аз тимҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” таркиб ёфт.

Бозиҳо дар минтақаи Душанбе тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дар натиҷа дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Куктош», КМВА, «Шоҳмансур».

Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».