Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ

Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Мулоқоти муовини Президенти КМО Тоҷикистон бо Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ

11.12.2020

: 915

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо Президенти Кумитаи олимпӣ, вазири варзиши Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории байни кумитаҳои олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла таъкид шуд, ки ҳамкориҳо миёни федератсияҳои футболи ду кишвар васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҷонибҳо барои дар фурсати наздиктарин ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва дар асоси он рушди бештари ҳамориҳо, аз ҷумла баргузор кардани ҷамъомадҳои машқӣ-таълимии дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои гуногуни варзиш ба мувофиқа расиданд.
Дар рафти мулоқот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Осиё дар соли 2030 мубодилаи афкор сурат гирифт.
Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ҳамчунин аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон шинос шуд.