Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии рафиқонаи мунтахабҳои Тоҷикистон-АМА доир шуд

13.11.2020

: 859

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии рафиқонаро бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:3 бохт.

Дидори дастаҳо 12 ноябр дар Дубай баргузор шуд. То дақиқаи 20-ум тими мунтахаби мо пас аз зарбаҳои нишонраси Давронҷон Эргашев ва Комрон Турсунов бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд. Вале футболбозони мо ин бартариро нигоҳ дошта натавонистанд.
Барои тими мунтахаби Тоҷикистон ин сеюм бозии рафиқона дар соли равон буд. Қаблан шогирдони Усмон Тошев бо тимҳои мунтахаби Узбекистон (1:2) ва Баҳрайн (0:1) бозии дӯстона баргузор карда буданд.

Бозии рафиқона

АМА – ТОҶИКИСТОН – 3:2
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 10 (0:1). Комрон Турсунов, 20 (0:2). Алӣ Аҳмад Мабҳут Муҳсин Ал-Хаҷерӣ, 29 (1:2). Алӣ Аҳмад Мабҳут Муҳсин Ал-Хаҷерӣ, 63 – аз пеналтӣ (2:2). Алӣ Солеҳ Амро, 90+4 (3:2).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 66), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Шериддин Бобоев, 66), Парвизҷон Умарбоев (Ислом Зоиров, 82), Манучеҳр Ҷалилов (Шарафҷон Солеҳов, 66).