09.11.2020
: 1104
4 варзишгари тоҷик, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон иштирок карданд, соҳиби медал шуданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон 5-8 ноябр дар Нови Сади Сербистон баргузор шуд. Дар чемпионат имсол бо сабаби маҳдудиятҳои сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгари 30 давлат иштирок карданд.
Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Фаронса, баъдан Бектош Назарови узбекистонӣ ва Андрей Лашичуки украиниро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи русиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.
Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг, Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг миёни мардҳо ва Самеъҷон Абдушукуров дар вазни -87кг миёни ҷавонон сазовор шуданд.
Комроншоҳ дар даври аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ мағлуб гашт. Сипас, ӯ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Хушқадам Хусравов дар даври аввал аз намояндаи Руссия Александр Матаис мағлуб гардид. Ӯ баъдан дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Небойса Николичи сербӣ ва Фарҳод Абжалиеви қирғизистониро шикаст дод.