Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоизадорони Чемпионат оид ба футбол миёни собиқадорон муайян шуданд

02.11.2020

: 910

Мавсими навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни собиқадорон ҷамъбаст шуд.

Дастаи “Ромис-Испечак”-и Душанбе, ки дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз шуд, бо ба даст овардани 24 хол ғолиб гардид.
Собиқадорони “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 16-холӣ ба даст оварданд, аммо аз ҳисоби бартарият дар бозиҳои инфиродӣ “Равшан” ҷои дуюмро ишғол карду “Хатлон” ҷои сеюмро.
Ҳамлагари дастаи “Ромис-Испечак”-и Душанбе Шуҷоат Неъматов, ки ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан дониста шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби пандемияи Ковид-19 чемпионат миёни собиқадорон аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд.

   ДАСТАҲО             Б      Ғ       М      Б        Т-Т       Х   
 1    "Ромис-Испечак" (Душанбе)    8  8  0  0  40-17  24
 2  "Равшан" (Кӯлоб)  8  5  1  2  34-20  16
 3  "Хатлон" (Бохтар)  8  5  1  2  34-20  16
 4  "Фирдавс-40" (Душанбе)  8  3  2  3  21-16  11
 5  "Давлат Содиқ" (Восеъ)  8  3  2  3  17-12  11
 6  "Ҳосилот" (Фархор)  8  3  1  4  18-25  10
 7  "Хайр" (Ваҳдат)  8  2  1  5  20-28  7
 8  "Шери Восеъ" (Восеъ)  8  1  2  5  14-25  5
 9  "Собиқадорон" (Душанбе)  8  1  0  7  12-38  3